Қурбониёни ҷанги Афғонистон: моро фаромӯш накунед

Радиои тоҷикӣ 2 views

Ҳамзамон бо оғози музокироти сулҳи Афғонистон ва Толибон дар Дохаи Қатар, шуморе аз қурбониёни ҷанг дар ду даҳаи гузашта аз музокиракунандагон хостанд қурбониёни ҷангро фаромӯш накунанд.

Хонаводаи қурбониёни ҳамлаи ду соли қабл дар маркази омӯзишии мавъуди Афғонистон бо ҳузур дар теппаи "Шуҳадои доноӣ", ки маҳалли дафни ҷон бохтагони он ҳамлаи террористӣ аст, эълом карданд: тарафҳои даргир ва ҳозир дар музокироти сулҳ набояд хуни қурбониёни ҷангро фаромӯш кунанд.

Related

Add Comments