Рустои Карияк бо қидмате 2 ҳазорсола дар доманаҳои кӯҳи Зогрус

Радиои тоҷикӣ 4 views

Рустои хушобуҳавои Карияк дар вилояти Куҳкилуя ва Буираҳмад, ки дар миёни дарраи босафои Карияк ва дар масири дастрасӣ ба минтақаи йилоқӣ ва зебои Сисахт воқеъ шудааст, яке аз масирҳои сууд ба қулаи муртафаи Дино маҳсуб мешавад.

Рустои Карияк бо қидмати 2 ҳазорсола дар доманаҳои кӯҳи Зогруси ҷанубӣ воқеъ шудааст ва ба сабаби зинавор будани ин русто, Мосулаи ҷануби ғарби Эрон номида мешавад.

Хонаҳои хишт ва гилӣ ва чубии ин русто аз манзараҳои диднии гардишгарии он аст. Аз ҷумла ҷозибаҳои мазҳабӣ ва таърихии ин русто метавон ба оромгоҳи имомзода Асгар ва имомзода Исҳоқ ишора дошт. Саноати дастии рустои Карияк муштамил бар анвои қолӣ ва гилем бо тарҳҳо ва нақшҳои зебо аст. Ин русто дар солҳои гузашта аз маҳалҳои гардишгарии мавриди таваҷҷуҳи гардишгарони аврупоӣ дар Эрон будааст.

Related

Add Comments